Душанбе. 29-уми октябр – Дар доираи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ 28 октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба омӯзиши таҷрибаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ баргузор гардид.
Муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сафар Сафаров дар ҷараёни ҷаласа иштирокдорони онро бо фаъолияти Мақоми Олии қонунбарори Тоҷикистон шинос намуд.
Муовини Раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ Сафаралӣ Раҷабов роҷеъ ба ҳамкориҳои парлумонии Тоҷикистон бо парлумонҳои кишварҳои узви Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ сухан карда, гуфт ки сохтори байнипарлумонӣ дар роҳи наздик сохтани қонунгузории миллӣ ва таҳквияти ҳамкории байнипарлумонӣ беш аз пеш фаъолияташро густариш медиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар давлатҳо ҳангоми омода сохтани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ аз қонунҳои модулӣ васеъ истифода мебарад. Ва дар ин замина палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо истифода аз ҳуҷҷатҳои тавсиядиҳандаи Ассамблеяи байнипарлумонӣ як қатор қонунҳои барои Тоҷикистон муҳимро қабул кардааст.
Дар ҷаласа намояндагони Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ атрофи масъалаҳои сохтори давлатӣ, худидораи маҳаллӣ, тақвияти ҳамкориҳои байнипарулмонӣ дар доираи Ассамблея ибрози назар карданд. Онҳо аз осорхона, китобхона ва толорҳои маҷлисгоҳи парлумони Тоҷикистон боздид намуда, бо фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии пойтахт шинос гардиданд.
Дар назар аст, ки иштирокдорони ҷаласа ба шаҳри Норак рафта, бо фаъолияти ҳокимияти маҳаллии ин шаҳр ошно мегарданд.