Душанбе. 31-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Волоҳазрат Оғохон, Имоми мусулмонони шиаи Исмоилӣ ва поягузору Сарвари Бунёди рушди Оғохон (АКДН) имрӯз барои боздиди расмӣ ба муддати 6 рӯз ба Тоҷикистон меояд. Нимаи дуввуми имрӯз меҳмони олиқадр бо вазири умури хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад кард. Интизор меравад, ки сӯҳбатҳо дар атрофи мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, аз ҷумла ҳамкориҳои давомдор дар байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Бунёди рушди Оғохон бобати рушди соҳаҳои маориф, иҷтимоъ ва иқтисод доир хоҳанд гашт.
Волоҳазрат ҳамчунин аз лоиҳаҳои мавҷудаи сохтмонии АКДН дар пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе боздид мекунад, ки ба қатори ин лоиҳаҳо меҳмонхонаи Серена ва маркази Исмоилия ва яке аз макотиб дохил мешаванд.
Волоҳазрат Оғохон сафари худро дар ВМКБ идома дода, дар он ҷо бо аъзои ҷамоаи Исмоилиён вохӯрӣ мегузаронад. Дар назар аст, ки эшон ҳамчунин ба қитъаҳои лоиҳаҳои дар вилоят амалишавандаи АКДН, аз ҷумла ба Боғи Хоруғ, ки ҳоло аз ҷониби Хазинаи фарҳанги Оғохон барқарор шуда истодааст ва инчунин ба Мактаби таҳсилоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) хоҳад омад.
Ташрифи Волоҳазрат Оғохон ба Тоҷикистон дар доираи сафари 10-рӯзаи вай ба кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон сурат мегирад. Интизор меравад, ки дар Қазоқистон эшон президенти кишвар Нурсултон Назарбоев ва дигар вазирон барои сӯҳбат оид ба ташаббусҳои дар кишвар барои рушд нигаронидашуда вохӯрӣ мегузаронад. Волоҳазрат Оғохон дар Ҷумҳурии Қирғизистон бо намояндаггони воломақоми давлатӣ вохӯрӣ гузаронида масъалаи шаҳраки донишҷӯёни ДОМ-ро дар шаҳри Норин баррасӣ менамояд. Се кишвари зикршуда – Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон шартномаи
байналмиллариро роҷеъ ба таъсиси ин донишгоҳ соли 2000 ба имзо расонидаанд.