Душанбе. 7-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сафари расмии сарвазири Қазоқистон Карим Масимов ба Тоҷикистон ба мӯҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд.
Тавре сардори департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ин боздид бори дуввум мавқуф гузошта мешавад.
Ёдрас мекунем, ки сафари расмии сарвазири Қазоқистон ба ҷумҳурии мо бояд рӯзҳои 23-24-уми октябр сурат мегирифт, вале маротибаи аввал он ба аввали моҳи ноябр мавқуф гузошта шуд. «Дар бораи санаи сафари расмии нахуствазири Қазоқистон ба Тоҷикистон ба таври иловагӣ хабар дода мешавад», – афзуд Д.Назриев.
Интизор меравад, ки дар ҷараёни боздиди корӣ сарвазири Қазоқистон бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ва дигар шахсони расмӣ мулоқот мекунад.
Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, дар 9 моҳи соли ҷорӣ муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон ба 206 млн. 535 ҳазор доллари амрикоӣ баробар шудааст, ки воридоти мол аз Қазоқистон беш аз 200 млн. доллари амрикоиро ташкил додааст.