Душанбе. 7-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди бозгашт аз мавзеи Сангтӯдаи ноҳияи Данғара Шоҳзода Карим Оғохони
IV
– ро бори дигар дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ба ҳузур пазируфт.
Дар сӯҳбат оид ба натиҷаҳои сафари Шоҳзода Карим Оғохони
IV
ба пойтахт ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфтугӯ сурат гирифт.
Шоҳзода Карим Оғохони
IV
аз пазироии хуши роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон ва ҳамчунин аз натиҷаҳои сафари худ ба кишвари мо изҳори қаноатмандӣ карда, президенти Тоҷикистон баҳри таваҷҷӯҳи хосааш арзи сипос намуд.
Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳзода Оғохони
IV
барои кӯмакҳои то имрӯз ба Тоҷикистон расонда ва нақшаҳои судманди ояндааш арзи сипосу миннатдорӣ кард.
Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҷонибҳо ҳавасмандии худро баҳри идома ва густариши ҳамкории судбахш таъкид намуданд.
Бо риояи расми накӯи меҳмоннавозии тоҷикон сарвари давлат ба Шоҳзода Оғохони
IV
қабл аз парвози ӯ аз сарзамини Тоҷикистон як ҷомаи миллӣ пӯшонд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.