Душанбе. 11-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз соати 15-у 10-дақиқа дар маркази матбуоти ҷумҳурӣ нишасти хабарии ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Ҷорҷ Крол баргузор мешавад.
Тавре ёвари корманди масъули робита бо ВАО-и сафорати Амрико дар Тоҷикистон Нигина Алиева ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, Ҷ.Крол бо сафари кӯтоҳмуддат ба Тоҷикистон ташриф оварда, дидору гуфтушуниди ӯ бо мақомоти расмӣ ва намояндагони бахши соҳибкориву созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар назар аст.
Ба қавли ӯ, намояндаи воломақоми Амрико дар конфронси байнулмилалӣ бахшида ба мавзӯи «Осиёи Марказӣ ва Афғонистон: мушкилот, имконот ва дурнамо», ки имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон доир мегардад, маърӯза хоҳад кард.
Маълумотнома:
Сафир Ҷорҷ А. Крол дипломати касбии олирутба буда соҳиби дараҷаи мушовир-вазири мухтор мебошад. Ӯ ба фаъолияти дипломатӣ соли 1982 шурӯъ намуда, солҳои 2003-2006 ҳамчун сафири ИМА дар Ҷумҳурии Белорус адои хидмат намудааст. Фаъолияти
бурунмарзии Ҷорҷ Крол шаҳрҳои Варшава, Ню Деҳли, Санкт Петербург, Москав, Киев ва Минскро дар бар гирифта, дар худи ИМА низ ӯ якчанд вазифа, минҷумла, директори Дафтари Департаменти Давлатӣ оид ба умури Русия ва Муовини махсуси Сафири хос ба умури Кишварҳои муштарак-ул-манофеъро иҷро кардааст. Ӯ ҳамчунин дар Коллеҷи Миллии Ҳарбӣ дарс гуфтааст. Сафир Крол дорандаи якчанд ҷоизаҳои Департаменти Давлатӣ барои хидмати шоиставу олӣ мебошад. Забонҳои русӣ ва полякиро медонад. Донишгоҳҳои Ҳарвард ва Оксфордро хатм кардааст.