Душанбе. 13-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сафири Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатипов ба унвони «Шаҳрванди фахрии Душанбе» сазовор дониста шуд. Мӯҳлати ваколати сафирии ӯ дар ҷумҳурии мо ба анҷом мерасад.
Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, бо қарори раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев барои саҳми арзанда дар рушду таҳкими робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва илимиву фарҳангӣ дар байни пойтахтҳои Русияву Тоҷикистон Р.Абдулатипов ба ин унвон сазовор дониста шуд.
Чанде қабл М.Убайдуллоев дипломати русиягиро ба ҳузур пазируфта чун раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ барои густариши муносиботи байнипарлумонии кишварҳо ба ӯ изҳори миннатдорӣ намуд.