Душанбе. 14-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ба Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон оид ба иштироки намояндагони ҷумҳурӣ дар интихоботи парлумонии Туркманистон даъватнома расид.
Тавре роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихоботи ҷумҳурӣ Муҳибулло Додоҷонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҳоло ҳайати намояндагони Тоҷикистон мушаххасан маълум нест, вале онҳо дар мониторинги ин маъракаи интихоботии кишвари ҳамсоя иштирок хоҳанд кард.
М.Додоҷонов изҳор дошт, ки мониторинги интихоботи парлумонии Туркманистон мувофиқи тарзҳои санҷидашуда бар асоси бетарафии сиёсӣ ва дахолат накардан ба ҷараёни баргузории интихобот амалӣ карда мешавад. Ёдовар мешавем, ки маъракаи интихобот ба парлумони Туркманистон 14 декабри соли ҷорӣ баргузор мешавад.