Душанбе. 17-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани хун ва ҷузъҳои он» имрӯз дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баррасӣ шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи палатаи поёнии парлумони кишвар – Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласа, ки таҳти раёсати раиси палата Сайдулло ХАйруллоев баргузор гардид, ҳамчунин лоиҳаҳои тағйирот ба қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ «Дар бораи геодезия ва харитасозӣ», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва «Дар бораи боҷи давлатӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба гуфтаи Султонов, аъзои Шӯро ҳамчунин масъалаи тасвиби Созишнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Чин дар бораи иҷтиноб аз андозбандии дубора ва ҷилавгирӣ намудани саркашӣ аз пардохти андоз аз даромад ва сармояро низ муҳокима карданд.