Душанбе. 18-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини раиси шаҳри Душанбе Рустам Раҳматов ҷиҳати иштирок дар кори Ҳамоиши нахустини раисони пойтахтҳои кишварҳои минтақаи Осиё озими шаҳри Теҳрон шуд.
Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар кори форум беш аз 40 раиси пойтахтҳои давлатҳои Осиё, инчунин, намояндагони 30 кишвари нозир ва 17 мамлакати аврупоӣ ва Амрикои Лотин ширкат меварзанд. «Ҳадафи ин ҳамоиш – ба роҳ мондан ва густариши муносиботи ҳамкорӣ миёни пойтахтҳои кишварҳои минтақаи Осиё дар шароити ҷаҳонишавии ҷомеаи башарӣ мебошад», – гуфт Ш.Саидов.
Ба ҳайати Тоҷикистон инчунин сардори раёсати ободонии шаҳри Душанбе Акбар Фаёзов ва сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии пойтахт Дилшод Қурбонов шомиланд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи ахбори интишорнамудаи сафорати Эрон дар Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи кори Ҳамоиш Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод ва Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии ин кишвар доктор Алӣ Лориҷонӣ иштирок хоҳанд кард.