Душанбе. 18-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз президенти ҷумҳурӣ – Эмомалӣ Раҳмон бо судури як фармон Зубайдулло Зубайдовро сафири нави фавқулъодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон таъин намуд.
Оқои Зубайдов 51 сол дошта, хатмкардаи шӯъбаи арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст. Солҳои 80-уми қарни гузашта ба ҳайси тарҷумон дар кишварҳои Ироқу Яман кор кардааст. Аз соли 1987 то соли 2006 раҳбарии шӯъбаи равобити хориҷии ҳукумати шаҳри Душанбе ва Раёсати протоколи давлатии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Аз соли 2006 то 2008 дар сафорати Тоҷикистон дар Русия ба ҳайси котиби аввал ва мушовир кор кардааст. Дорои рутбаи дипломатии Сафири фавқулъодда ва мухтор, дараҷаи якум мебошад.
Зубайдулло Зубайдов дар мақоми сафири Тоҷикистон дар Покистон, Саидбег Саидовро иваз намуд. Ёдовар мешавем Саидов мутобиқи фармони президенти мамлакат аз 13-уми сентябри соли ҷорӣ сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъин карда шуд.