Душанбе. 21-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз бо сабаби таҷдиди сохтори фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳокимшо Тиллоев аз вазифаи директори генералии КВДҲ «Тоҷик Эйр сабукдӯш гардид.
Бо қарори дигари ҳукумат Маҳмадалиев Алимурод, ки то ин дам ба ҳайси муовини аввали директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ифои вазифа менамуд, директори генералии КВДҲ «Тоҷик Эйр» таъин карда шуд.
Фирӯз Ҳамроев аз вазифаи муовини аввали директори генералии КВДҲ озод гардида, муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ таъин карда шуд.
Бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон Рустам Холиқов – директори генералии КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе», Маъруфҷон Маҳмудов – директори генералии КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд», Михаил Леонов – директори генералии КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии Қӯрғонтеппа», Алӣ Комилов – директори генералии КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии Кӯлоб ва Анвар Мақсудов директори генералии КВД «То
ҷ
икаэронавигатсия» таъин карда шуданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.