Кӯлоб. 22-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлобро бо таҷҳизоти техникии замонавӣ (компютер, принтер, сканер ва ғ.) таъмин кард.
Тавре мудири шӯъбаи молияи ҳукумати шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назаров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, чунин таҷҳизоти техникии зарурӣ ба шӯъбаи молия, кумитаи омор ва шӯъбаи иқтисоди шаҳр дода шуданд, зеро ин ниҳод ба чунин таҷҳизот эҳтиёҷ доштанд.
Бино ба иттилои манбаъ, чун маълум шуд, ки чунин техника меоранд, фавран барои кор бо он мутахассисон интихоб карда шуданд.
Тибқи баъзе маълумотҳо, ояндаи наздик мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Балҷувон ва Ховалинги вилояти Хатлон низ бо чунин таҷҳизоти техникӣ таъмин хоҳанд гашт.