Душанбе. 14-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъдиҳии Тоҷикистон Мирзоалӣ Болтуев, мутахассиси пешбари комиссияи марказӣ Ёқубҷон Мадумаров ва сафири Тоҷикистон дар Туркманистон Қозидавлат Қоимдодов ба сифати нозирони расмӣ аз Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии Туркманистон ширкат хоҳанд варзид.
Аз Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки маротибаи нахуст аст, ки дар интихобот ба мақомоти давлатии Туркманистон нозирони мустақил
иштирок мекунанд.
Дар тӯли 15 соли ҳукмронии президенти нахустини Туркманистон Сафармурод Ниёзов ба интихобот дар Туркманистон нозирони байнулмилалӣ даъват нашуда буданд ва аз интихобот танҳо нозирони миллӣ назорат мекарданд.
Қобили зикр аст, ки мониторинги интихоботи парлумонии Туркманистон мувофиқи тарзҳои санҷидашуда бар асоси бетарафии сиёсӣ ва дахолат накардан ба ҷараёни баргузории интихобот амалӣ карда мешавад. Ёдовар мешавем, ки маъракаи интихобот ба парлумони Туркманистон 14-уми декабри соли ҷорӣ баргузор мешавад.