Душанбе. 24-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» имрӯз дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ баррасӣ гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз палатаи поёнии парлумони кишвар хабар доданд, аъзои Шӯро ҳамчунин лоиҳаҳои Қонун «Дар бораи мавриди амал қарор додани Кодекси ҷумҳурӣ оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, «Дар бораи дароз намудани мӯҳлати баррасии қонун «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)»-ро муҳокима намуданд.
Ба гуфтаи манбаъ, дар рафти ҷаласа аъзои Шӯро оид ба лоиҳаҳои ислоҳот ба қонунҳои амалкунандаи кишвар «Дар бораи статуси вакилони халқи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ», «Дар бораи таъмини ченаки ягона», «Дар бораи фонди миллии бойгонӣ ва муассисаҳои бойгонӣ»
табодули назар намуданд.