Душанбе. 26-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси байнулмилалӣ оид ба фаъолияти минбаъда дар соҳаи молиягузории рушд, ки соли 2002 дар Монтеррей (Мексика) ба тасвиб расида буд, иштирок хоҳад кард. Дар ин хусус вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғуломҷон Бобозода дар ҷараёни ҷаласаи
VII
-уми Кумитаи муштараки Иттиҳоди Аврупо-Тоҷикистон хабар дод. Ба қавли ӯ конфронс аз 29-уми ноябр то 3-уми декабр дар пойтахти Қатар – шаҳри Доха баргузор мешавад.
Хабари мазкурро дар хадамоти матбуоти сарвари давлат тасдиқ карда, афзуданд, ки Эмомалӣ Раҳмон пас аз сафари Эрон, ки рӯзҳои 26-28-уми ноябр пешбинӣ шудааст, озими Қатар хоҳад шуд.
Тибқи иттилои Маркази иттилооти Созмони Милали Муттаҳид, конфронси мазкур ба таҳлили иҷрои қарорҳои дар соли 2002 дар Монтеррей қабулгардида бахшида мешавад. Дар конфронси мазкур давлатҳо тавофуқ ҳосил карда буданд, ки кишварҳои мутараққиву сарватманд бо мақсади рушд ҳаҷми кӯмакҳоро ба кишварҳои қашшоқ зиёд мекунанд ва ин кишварҳо дар навбати худ ӯҳдадор шуда буданд, ки дар давлатҳои худ ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ роҳандозӣ намуда, собит месозанд, ки маблағи кӯмакҳо барои иҷрои Ҳадафҳои рушди ҳазорсола истифода бурда шудаанд.
Маркази иттилооти СММ ҳамчунин хабар медиҳад, ки қарорҳои соли 2002 дар Монтеррей қабулгардида ба афзоиши ҳаҷми кӯмакҳо бо мақсади рушд аз ҷониби кишварҳои мададрасон мусоидат кардааст.