Душанбе. 26-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар Қасри Таврическии Санкт-Петербург Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Раиси Шӯрои ҷумҳурии Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Белорус ҷаноби Борис Батура ва Раиси Палатаи намояндагони Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Белорус ҷаноби Владимир Андрейченко мулоқот баргузор намуд.
Дар ҷараёни мулоқоти дӯстона МаҳмадсаидУбайдуллоев раисони тозаинтихоби палатаҳои Маҷлиси Миллии
Ҷумҳурии Белорусро оид ба шурӯи фаъолият дар вазифаҳои пурмасъулият самимона шодбош намуда, масоили ҳамкориҳои минбаъдаи байнипарламентии Тоҷикистону Белорусро мавриди муҳокима қарор дод.
Зикр гардид, ки дар партави муносиботи дӯстонаи кишварҳо ва ҳамкориҳои ҳамҷаворию мутақобилан судманд, ки аз сиёсати созандаи сарони ҳар ду мамолики дӯст сарчашма мегиранд, тақвияти робитаҳои байнипарламентӣ ва тавассути он густаришбахшии муносибатҳо, ки ҷавобгӯи потенсиали ҷомеаҳо бошад, иқдоми саривақтист.
Борис Батура ва Владимир Андрейченко дар навбати худ бо сипосмандӣ аз чунин пазироӣ ва баҳодиҳии ҷониби Тоҷикистон нисбати интихоботи парламентии сипаригашта дар Ҷумҳурии Белорус зикр намуданд, тамоми кӯшишҳо ба он равона хоҳад гардид, ки робитаҳои байнипарламентии ду ҷониб дар
сатҳи ҷавобгӯи талаботу ниёзмандии ҷомеаҳо равона хоҳад гашт.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи парламентӣ ва дар доираи ташкилотҳои бонуфузи парламентии байналмиллалӣ, аз ҷумла Ассамблеяҳои парламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва СААД махсус таъкид намуданд. Барои мустаҳкам намудани робитаҳо қайд карда шуд, ки гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории миёни парламентҳои кишварҳоямон таъсис дода шавад.
Мулоқот бо даъвати тарафҳо оид ба анҷоми ташрифи расмӣ аз кишварҳои дӯст ба поён расид. Дар ин бора ёвари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Шавкат Саидов аз шаҳри Санкт-Петербург хабар дод.