Душанбе. 27-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат
Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар он беш аз 40 масъала баррасӣ шуд.
Дар маҷлис нахуст ҳисоботи марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии таъмини оби нӯшокӣ
шунида шуд. Зикр гардид, ки айни замон дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ 3 лоиҳаи инвеститсионӣ бо маблағи умумии 170 миллион сомонӣ амалӣ мегардад.
Дар чаҳорчӯби ин лоиҳаҳо бояд таъминоти шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон бо оби нӯшокӣ беҳтар карда шавад. Ду лоиҳа дар шаҳри Душанбе татбиқ мегарданд, ки кори яке соли 2002 ва дуюмӣ соли 2003 оғоз ёфта, мӯҳлати анҷоми якумаш то охири соли равон ва дуюмаш то 30 июни соли 2009 аст.
Сарвари давлат ба шахсони масъул оид ба истифодаи босамари маблағҳо ва бо суръату сифати баланд анҷом додани корҳо супоришҳои қатъӣ дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки ба тартиб даровардани иншооти обтозакунии шаҳри Душанбе то охири сол пурра анҷом дода шавад, то ки
мардуми пойтахт аз 1-уми январи соли 2009 ба таври доимӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардад.
Дар маҷлиси ҳукумат ҳамчунин раиси ноҳияи Ҷиргатол дар бораи азхудкунӣ ва обёрии заминҳои қаламрави ноҳия бо мақсади рушди парвариши тухмии картошка ҳисобот дод. Чунонки маълум шуд, соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидориӣ маҷмӯан дар майдони
2652 гектар
кишти картошка гузаронда шуда, аз рӯйи маълумоти пешакӣ истеҳсоли он бояд ба 55 ҳазор тонна расад, ки нисбат ба соли 2005 панҷ ҳазор тонна зиёд аст.
Мутобиқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2009-2010 майдони кишти картошка бояд аз ҳисоби заминҳои нави шодобшаванда
1000 гектар
зиёд гардад ва истеҳсоли солонаи он ба 75 ҳазор тонна расонда шавад. Дар солҳои наздик майдони кишти картошка дар ноҳияи Ҷиргатол бояд ба
5000 гектар
ва
истеҳсоли солонаи он ба 100 ҳазор тонна расад, ки ин ба муҳайё гаштани ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ боис мегардад.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2009 ва Дастуруламали намунавии коргузорӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тасдиқ карда шуд. Санадҳои зарурӣ оид ба тартиби хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо, хӯроки парҳезӣ ва дигар тадбирҳои солимгардонию пешгирикунанда дар соли 2009 ва дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2009 қабул гардиданд.
Як қатор лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузории амалкунандаи кишвар маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳо «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ», «Дар бораи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
Барномаи беҳдошти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2013 ва Низомномаи тартиби амалӣ намудани назорати муҳоҷиратӣ тасдиқ карда шуд.
Дар фароварди маҷлис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони масъул оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2008,
вусъат додани кишти тирамоҳӣ, омодагӣ ба кишти баҳорӣ ва такрорӣ, таъмини кори мунтазами корхонаҳои саноатӣ, иҷрои супоришҳои зимни сафарҳои дохилии имсола баёнгашта дастуру ҳидоятҳои қатъӣ дод. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.