Душанбе. 1-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ – Сайдулло Хайруллоев ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумони кишвар баргузор гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи палата – Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар рафти ҷаласа лоиҳаҳои илова ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ, инчунин муроҷиати интихобкунандагони ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баррасӣ гардид.
Масоили мазкур, ба гуфтаи манбаъ, барои ворид намудан ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи 5-уми Маҷлиси намояндагон, ки чоршанбеи 3-юми декабр баргузор хоҳад гашт, тавсия шуданд.