spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Э.Раҳмон ба Киев рафт



           

Душанбе. 3-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари кории серӯза озими пойтахти Украина – шаҳри Киев шуд.





           

Тавре аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар сафар сарвари давлатро раҳбарони як қатор вазорату идораҳо, кормандони Дастгоҳи иҷроияи президент ва намояндагони васоити ахбори умум ҳамроҳӣ мекунанд.



Ба иттилои манбаъ, сарони давлатҳои Тоҷикистону Украина ҷузъиёти ҷараёни иҷрои қарордодҳои қаблӣ ва Нақшаи кории «Тоҷикистон- Украина барои солҳои 2008-2009»-ро, ки моҳи марти соли ҷорӣ зимни сафари расмии президенти Украина ба Тоҷикистон ба имзо расида буданд, мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод. Эмомалӣ Раҳмон он замон изҳор дошта буд, ки рушди муносибатҳои гуногунҷанба бо Украина аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст.



Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт, мошинсозӣ, металургия, саноати ресандагию бофандагӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истихроҷи ангишт ва дигар канданиҳои фоиданок, илму техника ва амнияту мудофиа аз самтҳои асосии муносибатҳои ду кишвар маънидод гашт.




Ҷониби Украина таъкид дошт, ки иҷрои дархостҳои пешинаи Тоҷикистонро баҳри сохтани агрегатҳои нерӯгоҳҳои обии барқӣ суръат бахшида, омода аст масъалаи қабул ва иҷрои дархостҳои навро низ баррасӣ намояд. Ҳамчунин Украина ба ҳамкорӣ баҳри рушди саноати ангишти Тоҷикистон ва таҷдид ва сохтмони марказҳои истеҳсоли гармӣ ва нерӯи барқ бо ангишт изҳори омодагӣ намуд. Таъкид гардид, ки ҳамкории минбаъдаи ду кишвар ҳамчунин бунёди корхонаҳои муштаракро дар соҳаҳои

 

саноати сабук ва хӯрокворӣ, истеҳсоли таҷҳизоти нерӯгоҳҳои миёнаю хурди обӣ, трансформаторҳои барқӣ ва техникаи кишоварзӣ дар назар дорад.



Тибқи мувофиқаҳои бадастомада давлати Украина ҳар сол ба Тоҷикистон барои харидории имтиёзии 150 ҳазор тонна равғани растанӣ ва ҳамин қадар

 

шакар квота ҷудо мекунад. Ҳамчунин

 

30 квота барои

 

донишҷӯёни Тоҷикистон дар муассисаҳои олии таълимии Украина ҷудо мегардад. Виктор Ющенко аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки ба Украина сафари расмӣ анҷом диҳад. Даъват бо сипосгузорӣ пазируфта шуд.



Баъди анҷоми музокироти расмӣ дар ҳузур ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Украина Виктор Ющенко 10 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид:



Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Украина Виктор Ющенко;



Нақшаи кории Тоҷикистон- Украина барои солҳои 2008-2009;



Протокол дар бораи мубодилаи тасдиқномаи Аҳднома оид ба дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина;



Протокол дар бораи мубодилаи тасдиқномаи Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина оид ба супурдани шахсони аз озодӣ маҳрумшуда барои иҷрои минбаъдаи ҷазо ва ғайра.



Зимни сафар дидору гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири ин кишвар Юлия Тимошенко дар назар аст.



Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни боздид имзои 8 санади байнидавлатӣ, аз қабили Изҳороти муштараки сарони кишварҳо, Созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангу санъат, сайёҳиву сиёсати ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, бахши кишоварзӣ, Созишномаи ҳамкорӣ

 

миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Киеви ба номи Тарас Шевченко ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкории иқтисодӣ миёни давлатҳо то соли 2012 ба нақша гирифта шудааст.



Дар чаҳорчӯбаи сафар Эмомалӣ Раҳмон ба ҷуз шаҳри Киев, ҷиҳати баррасии масоили роҳандозии ҳамкориҳои минтақавӣ аз шаҳрҳои Лвов ва Харкови ин кишвар низ боздид хоҳад кард. «Аз ҷумла, дар Харков сарвари давлати Тоҷикистон бо фаъолияти ҶСК «Турбоатом», ки минбаъд чун таъминкунандаи таҷҳизоти гидротехникӣ ба нерӯгоҳи Роғун арзёбӣ мешавад, аз наздик шинос хоҳад гашт», – афзуд манбаъ. Сафари президенти Тоҷикистон ба Украина то 5-уми декабр идома хоҳад ёфт.


Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...