Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ – Сайдулло Хайруллоев ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумон баргузор гардид. Дар ҷаласа лоиҳаи қонуни ҷумҳурӣ «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» баррасӣ гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи палатаи поёнии парлумони кишвар – Муҳаммадато Султонов хабар дод, аъзои Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони гирифтори бемории қанд, лоиҳаи ворид намудани тағйирот ба Кодекси амалкунандаи андоз, Қонунҳои ҷумҳурӣ «Дар бораи маориф», «Дар бораи макомоти амнияти кишвар», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»-ро муҳокима намуданд.
Ба гуфтаи Султонов, дар ҷаласа ҳамчунин Созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Ҷумҳурии мардумии Чин оид ба робитаҳои байналмилалии нақлиётӣ баррасӣ гардид.