Душанбе. 18-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар таҳти раёсати Раиси палатаи болоии парлумон – Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи Шӯрои палата баргузор гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ – Шавкат Саидов хабар дод, дар он бо тасдиқи рӯзнома аз тарафи аъзоёни Шӯро 36 масъалае, ки аз зумраи Қонунҳои нав ва тағийроту иловаҳо ба як қатор Қонунҳои амалкунандаи кишвар бо мақсади мукаммалгардонии онҳо аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ баъд аз қабул, ба баррасии Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардидаанд, мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Дар ҷаласа аъзои Шӯро оид ба баррасии рӯзномаи иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллӣ шомил намудани онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд, ки имрӯз дар иҷлосия, аъзои Маҷлиси миллӣ нисбати ҳар кадоми онҳо мавқеи хешро муайян месозанд.