Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар ҷараёни иҷлосияи 17-уми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар, даъвати сеюм, аъзоёни палатаи болоии парлумон, тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуданд.
Зимни суханронӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ – Маҳкам Маҳмудов қайд намуд, ки дар асоси тағйироту иловаҳои ба Кодекси ҷиноии кишвар воридшуда, минбаъд шахсоне, ки ба ҷумҳурӣ маводи доруии пастсифат, қалбакӣ ва мӯҳлати истифодаашон гузаштаро ворид месозанд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд. Шахсони воқеъиву ҳуқуқие, ки ба ин амал даст мезанад, ҷаримаи пулӣ дар ҳачми аз 17-у ним то 35 ҳазор сомонӣ ситонида шуда, ё ба мӯҳлати то 2 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.
Ғайр аз ин, минбаъд, шахсони соҳибмансабе, ки ғайриқонунӣ ба шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ва ё шахсони бешаҳрвандӣ, шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро медиҳанд, то 5 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.
Дар асоси тағйироту иловаҳои нави ба Кодекси ҷиноятӣ воридгардида, барои убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ҷазои сахттаре пешбинӣ шудааст. Акнун барои содир намудани ин амал, марзшиканон, аз 17 ҳазору 500 то 35 ҳазор сомонӣ ҷарима пардохт мекунанд, ё аз 2 то 5 сол равонаи зиндон мешаванд.