Душанбе. 20-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили татбиқи амалии санадҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, муносибатҳои байнибонкӣ, энергетика, кишоварзӣ, илму маориф ва фарҳанг баррасӣ шуд.
Аз сатҳи муносибатҳои стратегии байни Тоҷикистону Қазоқистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Суръат бахшидан ба сармоягузориҳои Қазоқистон ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла баҳри бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, як нерӯгоҳи миёнаиқтидори обӣ дар болои яке аз шохобҳои дарёи Вахш ва дигар тадбирҳо зарур шумурда шуд.
Сарони ду давлат қарор карданд, ки баҳри коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ҳамгироиҳоро тақвият диҳанд.
Қарор дода шуд, ки Қазокистон дар мавсими зимистони солҳои 2008-2009 ба Тоҷикистон содироти гандум, сӯзишвории дизелӣ ва мазутро афзун намояд.
Таваҷҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба масоили танзими муҳоҷирати меҳнатӣ зоҳир гардид. Пешниҳод гардид, ки вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар намояндагии худро оид ба муҳоҷират дар пойтахтҳои ҳамдигар дошта бошанд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин оид ба ҳамгироиҳои муштарак дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Ҷомеаи иқтисодии Евразия ва доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ, аз ҷумла масоили вобаста ба амнияти минтақавӣ ва авзои кунунии Афғонистон гуфтугӯ сурат гирифт.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.