Душанбе. 23-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз рӯи натиҷаҳои нишасти ғайрирасмӣ, ки миёни сарони кишварҳои Русия, Қазоқистон, Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзҳои 19-20-уми декабр дар Қазоқистон доир гашт, президентони ин кишварҳо оид ба таъсиси Фонди зиддибӯҳронӣ ба маблағи $10 млрд. тавофуқ ҳосил карданд.
Дар сомонаи хадамоти матбуоти президенти Қазоқистон гуфта мешавад, ки дар ҷараёни нишаст маҷмӯи васеи масоили ҳамкории минтақавӣ дар бахши амнияти дастаҷамъӣ ва ҳалли муштараки мушкилоти иқтисодӣ дар вазъи бӯҳрони молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Дар нишасти сарони кишварҳо дар як қатор масоили дигар, аз қабили ташкили маркази муштараки технологияи навину пешрафта ва дар доираи СААД созмон додани гурӯҳи нерӯҳои зудамал баҳри таъмини амнияти кишварҳо низ тасмим гирифта шуд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар нишасти қарибулвуқӯъ қабули асноди ташаккули заминаи ҳуқуқии тавофуқоти ҳосилшуда дар назар аст.