Душанбе. 4-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои ахири соли гузашта президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳои қабулнамудаи парлумон дар соли гузаштаро ба имзо расонид.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, миёни онҳо Қонунҳои ҶТ «Дар бораи қабул ва дар амал ҷорӣ сохтани Кодекси қонуншиканиҳои маъмурӣ дар ҶТ», «Дар бораи фармоиши давлатии иҷтимоӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қодекси ҷиноии ҶТ», «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мақомоти прокуратура», «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳои ба Қонуни ҶТ «Дар бораи судҳо», «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи райъпурсӣ» ва ғайра ҷой доранд.
«Қобили зикр аст, ки Кодекси қонуншиканиҳои маъмурӣ дар ҶТ маҷмӯи асноди меъёриву ҳуқуқии нав буда, бо назардошти талаботи имрӯзаи ҷомеа қабул шудааст, зеро кодекси амалкунандаи қаблӣ ҳанӯз соли 1985 қабул гардида буд», – гуфт манбаъ ва афзуд, ки Кодекси нав аз 1-уми апрели соли 2009 мавриди амал қарор мегирад.