spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Сафорати ҶТ дар Русия: Иттилои К.Шарипов дурӯғи маҳз аст ва ба беобрӯ кардани намояндагии дипломатии Тоҷикистон нигаронида шудааст


Душанбе. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилои интишоргардида дар сомонаи ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» дар бораи боздошти 50 шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Аштархон ва аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷинояткор ба «гаравгон» гирифтани онҳоро рад месозад ва расман хабар медиҳад, ки иттилои мазкур ба ҳақиқат рост намеояд.




Дар иттилоияи сафорат гуфта мешавад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия тайи ду ҳафтаи ахир дар шаҳри Аштархон шиносномаҳои 16 шаҳрванди тоҷик –

 

мусофирони қатораи «Маскав-Душанбе»-ро ба гумони қалбакӣ будани қайдҳои убури марзи Русия гирифтаанд ва шиносномаи чаҳор нафари онҳо ду рӯз пештар баргардонида шуда, шиносномаҳои дигар ҷиҳати тафтиш ба мақомоти дахлдор супорида шудаанд. «Шаҳрвандони тоҷик боздошт нашудаанд ва дар сурати тасдиқи қалбакӣ будани қайдҳои убури марзи Русия дар шиносномаи онҳо, ҳалли масъала ба додгоҳ вогузор хоҳад шуд», – омадааст дар иттилоия.



Дар идомаи иттилоия зикр мегардад, ки Сафорати Тоҷикистон дар Русия «қазияи мазкурро пайгирӣ намуда, бо шаҳрвандони тоҷике, ки шиносномаашон гирифта шудааст, дар ҳоли робита қарор дорад». Ғайр аз ин, бо супориши сафири Тоҷикистон рӯзи 5-уми январ кормандони Хадамоти муҳоҷиратии Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ дар Русия ба шаҳри Аштархон фиристода шуданд, то бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ба ин қазия расидагӣ намоянд. Дар бораи натиҷаи фаъолияти онҳо сафорат ба таври иловагӣ хабар хоҳад дод.


Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...