Душанбе. 14-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни боздиди ҳайати давлати Қатар аз Тоҷикистон таҳти сарварии вазири ҳамкории байнулмилалии ин кишвар, ки дар таърихи 16-уми январ сурат хоҳад гирифт, дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар баррасӣ мешавад.
Тавре роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷараёни боздид дидору гуфтушуниди ҳайати Қатар бо президенти Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе ва вазири умури хориҷии ҷумҳурӣ дар назар аст.
Интизор меравад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо амалисозии қарордодҳои тасвибгардида зимни сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қатар ва амири Қатар Ҳамад бин Халифа Ал Танӣ ба Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Кумитаи омори кишвар, муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Қатар дар давраи моҳҳои январ-ноябр 138,6 ҳазор доллари амрикоиро ташкил додааст, ки ҳамаи он ба молу маҳсулоти воридотӣ аз Қатар рост меояд.