Хуҷанд. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вилояти Суғд бо қарори раиси вилоят Қоҳир Расулзода, озмуни «Беҳтарин шаҳри Суғд-2009» эълон гардидааст.
Озмуни мазкур то охири моҳи декабри соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт. Зимнан ба ғолиби озмун аз ҳисоби маблағҳои буҷаи вилоят 30 ҳазор сомонӣ ҷудо хоҳад гашт. Ба шаҳрҳое, ки ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол мекунанд, мутаносибан 20 ва 10 ҳазор сомонӣ супорида мешавад.