Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон дар даҳаи аввали моҳи феврал ба ҷуз сафари расмӣ ба кишварҳои назди Балтика ва Белгия, аз Хорватия низ боздид хоҳад кард.
Дар ҷараёни нишасти хабарӣ вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ изҳор дошт, ки зимни боздид аз мамолики Аврупо дидору гуфтушуниди президенти ҷумҳурӣ бо сарони ин кишварҳо, намояндагони Иттиҳоди Аврупо, парлумони Аврупо ва Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ дар назар аст.
Ба гуфтаи Ҳ.Зарифӣ, интизор меравад, ки натиҷаҳои сафари мазкур ба рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид. «Феълан бандарҳои баҳрии Эстония, Латвия ва Литва барои истифодаи воридоту содироти бор барои ҷумҳурӣ нақши муҳим доранд ва сарвари давлат бо ҳамтоҳои худ масъалаи мазкурро муҳокима хоҳад кард», – гуфт ӯ.
Вазири умури хориҷии ҷумҳурӣ афзуд, ки дар ҷараёни боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Белгияву Хорватия оид ба масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба миёни кишварҳо дар бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гуфтушунид сурат хоҳад гирифт.