spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Президенти Тоҷикистон вазири ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Мисри Арабро ба ҳузур пазируфт


Душанбе. 27-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Мисри Араб хонум Фоиза Абуннаҷоро, ки ба ҳайси сарвари қисмати мисрии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.




Дар вохӯрӣ масоили густариши ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд.



Изҳори боварӣ карда шуд, ки Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ барои татбиқи босамари заминаи боэътимоди қарордодию ҳуқуқии Тоҷикистону Миср ва дарёфти роҳҳои истифода аз имконоти фаровони ҳамкорӣ корҳои назаррасро анҷом медиҳад.



Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, гидроэнергетика, саноати сабук ва хӯрокворию дорусозӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок, молия ва фаъолияти бонкӣ, кишоварзӣ ва хоҷагии об, маориф, тандурустӣ, илму фарҳанг ва туризм воситаи муҳими таҳкиму тавсиаи

 

муносибатҳои Тоҷикистону Миср маънидод гашт.



Ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, аз ҷумла дар роҳи сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ дар болои дарёҳои Тоҷикистон аз самтҳои асосии ҳамкории иқтисодии ду кишвари дорои захираҳои фаровони обию энергетикӣ номида шуд.



Тасмим гирифта шуд, ки Нораку Асвон – ин шаҳрҳои энергетикҳои Тоҷикистону Миср бародаршаҳр эълон карда шаванд.



Дар вохӯрӣ ҳамчунин оид ба муносибатҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби Созмони конфронси Исломӣ ва дигар созмонҳо гуфтугӯ сурат гирифт.



Хонум Фоиза Абуннаҷо изҳор дошт, ки иқдоми Президенти Тоҷикистон оид ба «Соли бузургдошти Имоми Аъзам» эълон намудани соли 2009 боиси хушнудии роҳбарият ва мусулмонони Ҷумҳурии Мисри Араб шуд.



Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Ҳуснӣ Муборак кинофилми бадеии бисёрсериягии кинематографистони мисрӣ – «Имом Абуҳанифаи Нуъмон» – ро ба ҳайси тӯҳфа ба роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон ирсол намуд.



          Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин тӯҳфаро саҳми арзандаи Ҷумҳурии Мисри Араб дар роҳи муаррифии ҳаёт ва фаъолияти Имоми Аъзам ба мардуми Тоҷикистон маънидод карда, изҳор дошт, ки он дар кӯтоҳтарин мӯҳлат ба тоҷикӣ гардонда ва манзури бинандагони телевизиони тоҷик карда мешавад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...