Душанбе. 30-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Номзади улуми сиёсӣ Абдулло Ҳаким Раҳнамо дар мавриди таъини Абдураҳим Қаҳҳоров ба вазифаи вазири умури дохилии ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки пеш аз ҳама, онро чун сари мансаб омадани мутахассиси соҳибтаҷрибаву салоҳиятнок мебояд баррасӣ намуд.
Сиёсатшинос гуфт, вазифаҳои аввалиндараҷаи вазири нав бояд аз ислоҳоти сохториву маънавӣ баҳри беҳбуди имиҷи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва барқарорсозии эътимоди ҷомеа ба онҳо иборат бошанд. «Таъин кардани А.Қаҳҳоров ба вазифаи вазири умури дохилӣ қадами воқеӣ ба таъмини ширкати воқеии минтақаҳо дар ҳокимияти воқеӣ аст ва он минбаъд пайомадҳои муҳим ва мусбати сиёсӣ ба бор хоҳад овард», – гуфт ӯ.
Ба қавли коршинос, агар сиёсати кадрӣ минбаъд ҳамин тавр ҷараён гирад, он ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва дарки бештари эҳсоси умумиллии мутааллиқ будан ба давлати умумимиллӣ мусоидат хоҳад кард. «Аз дидгоҳи афкори технологияи сиёсӣ ташаккули чунин эҳсос нишондиҳандаи муҳими равонӣ буда, он нақши воқеии амаливу сиёсиро дорост ва аз ин рӯ, ман ин қарори сарвари давлатро мусбат арзёбӣ менамоям», – афзуд А.Ҳ.Раҳнамо.