Душанбе. 31-уми январ – Байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай сӯҳбати телефонӣ баргузор гардид.
Нахуст мавзӯъоти густариш ва рушди минбаъдаи равобити байни Тоҷикистну Афғонистон дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасии сарварони ду кишвари дӯст қарор гирифт. Зимнан сӯҳбат оиди масоили обу барқ ва истифодаи пулҳои байни ду мамлакат идома ёфт ва ҳангоми он тағйироту таҳаввулоти ахири дар арсаи минтақавӣ суратгирифта низ баррасӣ шуд.
Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пуштибонии кишвари худро аз сиёсати дар ин мавзӯъ пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт.
Ҷонибҳо мавзӯъҳои ҳамкориҳои амниятиву низомӣ, мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосирро низ ба тафсил баррасӣ намуданд ва дар вақтҳои наздик баргузор намудани мулоқоти раҳбарони ниҳодҳои қудратиро мувофиқи мақсад донистанд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.