Душанбе. 2-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои парлумонии кишвар баргузор гашт.
Тавре сухангӯи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммато Султонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласаи шӯро лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷлон ва ташкилотҳои динӣ», масъалаи ворид сохтани тағйироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Созишномаи ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия «Дар бораи таъсис ва фаъолияти маркази байнулмилалии таҳқиқотиву илмии «Помир-Чақалатай» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба иттилои манбаъ, масоили мазкур ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати сеюм, ки 11-уми феврал ба кор шурӯъ мекунад, пешниҳод гардид.