Душанбе. 2-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Хабргузории Интерфакс бо истинод ба роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлат Назрӣ иттилоъ медиҳад, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафар ба Маскав, ки аввали моҳи феврал бояд ба вуқӯъ мепайваст, даст кашидааст. Шоми дирӯз бояд Э.Раҳмон ба Маскав меомад ва имрӯз бо сарвари давлати Русия мулоқот меорост.
Хабаргузорӣ дар таърихи 31-уми январ иттилоъ медиҳад, ки сарвари давлати Тоҷикистон дар нишастҳои ғайринавбатии сарони давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ва Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки баргузории онҳо рӯзи 4-уми феврал дар шаҳри Маскав пешбинӣ шудаанд, низ ширкат нахоҳад варзид.
«Бинобар вазъи мушкили мавҷуда ба иллати бӯҳрони энергетикӣ дар кишвар, сафарҳои президенти Тоҷикистон то 10-уми феврал мавқуф гузошта шуданд», – гуфт Д.Назрӣ. Аз хадамоти ташрифоти (протоколии)
вазорати умури хориҷии Тоҷикистон низ ба хабаргузории Интерфакс ин хабарро тасдиқ кардаанд.
Ёдовар мешавем, пас аз сафари зикршуда ба Маскав Э.Раҳмон ният дошт аз кишварҳои соҳили Балтика боздид ба амал оварад. Рӯзҳои 11-12-уми феврал иштироки президенти Тоҷикистон дар кори ҷаласаи Комиссияи Аврупо дар Брюссел дар назар аст. «Дар тамоми муддати фаъолияти худ ба ҳайси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ягон бор аз иштирок дар нишастҳои ИДМ, СҲШ, СААД ва ЕврАзЭС сарфи назар накарда буд», – оварда мешавад дар иттилои хабаргузории Интерфакс.