Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пагоҳ дар кори нишастҳои ғайринавбатии сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ширкат хоҳад варзид.
Тавре роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, нимаи дуввуми имрӯз ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии президенти мамлакат бо шумули кормандони Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, роҳбарони як қатор идораву вазоратҳо ва намояндагони ВАО озими шаҳри Маскав хоҳад шуд. «Тоҷикистон кӯшиш хоҳад кард, минбаъд низ дар фаъолияти созмонҳое чун СААД ва ЕврАзЭС саҳми муносиб дошта бошад», – гуфт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки чанд рӯзи ахир як қатор васоити ахбори омма бо истинод ба Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар бораи мавқуф гузоштани сафарҳои сарвари давлат дар даҳаи аввали моҳи феврал матолиб интишор сохта буданд.