spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Сафари сарвари давлат ба Аврупо



           

Душанбе. 7-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Сафари Президенти Тоҷикистон ба кишварҳои Аврупо пагоҳ бо боздиди давлатӣ аз Латвия шурӯъ мегардад.





           

Тавре роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷараёни сафар ба Латвия мулоқоти як ба яки сарони кишварҳо ва сипас гуфтушуниди ҳайатҳо дар доираи васеъ баргузор мешавад. Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунидҳо имзои як қатор асноди дуҷонибаи ҳамкорӣ пешбинӣ гардида, иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Латвия Валдис Затлер дар ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Латвия дар назар аст. Дар ҷараёни сафар Э.Раҳмон инчунин бо раиси Сейми Латвия низ мулоқот хоҳад кард.



Ба гуфтаи Д.Назриев, аз Латвия сарвари давлати Тоҷикистон бо боздиди расмӣ роҳ сӯи Белгия пеш хоҳад гирифт. Зимни боздид Эмомал


ӣ


Раҳмон бо Шоҳи Белгия Алберти II мулоқот намуда, дар ҳузури вакилони Парлумони Аврупо суханронӣ хоҳад намуд. Дар доираи сафар имзои созишномаи дуҷониба бо Бонки сармоягузории Аврупо дар назар буда, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи расмии бинои нави Сафорати То


ҷ


икистон дар Шоҳигарии Белгия ширкат хоҳад варзид.

 





           

«Шоми 11-уми феврал Э.Раҳмон аз Брюссел бо сафари расмӣ озими Литва хоҳад гашт ва дар ҷараёни сафар бо ҳамтои литвагии худ Валдас Адамкус мулоқот анҷом хоҳад дод», – гуфт Д.Назриев ва афзуд, ки аз рӯи гуфтушунидҳо ба имзо расидани як қатор асноди ҳамкорӣ дар назар аст. Дар доираи сафар ба Литва сарвари давлати Тоҷикистон бо раиси Сейми Литва низ мулоқот анҷом дода, дар шаҳри Каунас бо фаъолияти яке аз корхонаҳо аз наздик ошно хоҳад шуд.




           

Ба қавли Д.Назриев, 13-уми феврал Э.Раҳмон аз Литва бо сафари корӣ ба Эстония меравад. Дар Таллин сарвари давлат бо президенти Эстония Томас Хендрик Илвес ва дигар шахсони расмии ин кишвар дидору гуфтушунид анҷом хоҳад дод.


Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...