Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Эстония ташриф меорад.
Тавре роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, боздиди корӣ бо мақсади густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисоливу тиҷоратӣ миёни кишварҳо анҷом дода шуда, дар ҷараёни сафар дидору гуфтушуниди сарвари давлати Тоҷикистон бо президенти Эстония Томас Хендрик Илвес, нахуствазир Андрус Ансип ва раиси парлумони ин кишвар Эне Эргма дар назар аст.
Зикр гардид, ки сафари президенти Тоҷикистон ба Эстония боздиди корӣ маҳсуб гардида, дар ҷараёни гуфтушунидҳо имзои санаде ба нақша гирифта нашудааст.
Ба гуфтаи Д.Назриев, имрӯз Э.Раҳмон ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи ҳамоиши тиҷоратии Эстнияву Латвия суханронӣ хоҳад кард. Дар ҳамоиш соҳибкорону тоҷирон имконоти роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судмандро мавриди муҳокима хоҳанд дод.
Субҳи 14-уми феврал ҳайати Тоҷикистон аз сафари Аврупо ба ватан бармегардад.