Душанбе. 16-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Пагоҳ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ баргузор мешавад.
Тавре аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷаласа ба ҷуз масоили ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, масоили марбут ба марзҳо низ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. «Ҳайати Ӯзбекистонро муовини аввали нахуствазир, вазири молияи Ӯзбекистон Рустам Азимов роҳбарӣ менамояд», – гуфт манбаъ.
Тибқи иттилои сарчашма аз Вазорати энергетика ва саноати кишвар, дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ тақрибан 13 масъала, аз ҷумла масоили роҳандозииҳамкориҳо дар бахшҳои истифодаи захоири обиву энергетикӣ, нақлиёт ва ғайра баррасӣ шуда, масъалаи транзити нерӯи барқи Туркманистон тавассути низоми энергетикии Ӯзбекистон ба кишвари мо дар меҳвари ҷаласа қарор хоҳад дошт.
Ёдрас мекунем, ки ҷаласаи ахири комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон 10 сол қабл доир гардида буд.