Душанбе. 18-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Нимаи аввали имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати ҳукумати Ӯзбекистонро, ки дирӯз ҷиҳати баргузории ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии кишварҳо ба шаҳри Душанбе ташриф овард, ба ҳузур мепазирад. Дар ин бора муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Лариса Кислякова ба рӯзоманигорон хабар дод.
Л.Кислякова мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон ба густариши равобити ҳамкорӣ дар ҳама самтҳо бо кишвари ҳамсоя омода аст. «Ҳаҷми ҳарсолаи муомилоти молӣ миёни кишварҳо аз 4 то 7 дарсади ҳаҷми умумии Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад», – гуфт ӯ.
Номбурда таъкид сохт, ки лоиҳаи протокол оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва истифодаи захоири обиву энергетикӣ аллакай таҳия гаштааст.
Ёдрас мекунем, ки Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 2001 таъсис ёфта, худи ҳамон сол ҷаласаи аввал ва алҳол ягонаи он баргузор шуда буд.