Душанбе. 19-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони мардумӣ бо занон-роҳбарони созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва фаъолзанони тамоми минтақаҳои кишвар мулоқот оростанд.
Дар суханронии худ муовини раиси палатаи поёнии парлумон Шуҷоат Ҳасанова изҳор дошт, ки феълан аз 63 намояндаи мардумӣ дар палатаи поёнӣ 11 нафар ва аз 34 аъзои палатаи болоии парлумон 3 нафарашро занон ташкил медиҳанд. «Мақсади асосии мулоқот шинос кардани занон бо фаъолияти парлумон ва қарору қонунҳои қабулкарда оид ба дастгирии занон ва баробарҳуқуқии онҳо бо мардон аст», – гуфт ӯ.
Намояндагони мардумӣ ба ҳама суолҳои мавриди таваҷҷӯҳи занон посух доданд, ки аксари он ба масъалаи баробарии гендерӣ марбут буд.