Душанбе. 23-юми феврал – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бевосита дар маъракаҳои ниҳолшинонии чанд гӯшаи шаҳри Душанбе иштирок намуда, мардумро ба вусъат додани бунёди боғҳо ва кабудизорсозию ободонии муҳити зист ҳидоят намуд.
Таҷрибаи деҳқонони асил ва дастовардҳои илмии олимон собит намудаанд, ки дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон беҳтарин мавсими ниҳолшинонӣ давраи аз охирҳои тирамоҳ то рӯзҳои аввали баҳор мебошад.
Аз ин хотир аз охирҳои тирамоҳ ва оғози зимистони ҷорӣ дар тамоми гӯшаю канори кишвар, ки обу ҳавои мусоид доранд, мардум аз ҳар як рӯзи офтобӣ барои шинондани ниҳолҳо, барқарорсозии боғу токзори кӯҳна ва бунёди боғҳои нав пурсамар истифода мебаранд.
Мавсими ниҳолшиноние, ки имрӯзҳо дар гӯшаю канори гуногуни Тоҷикистони офтобрӯяи мо, албатта ғайр аз ноҳияҳои баландкӯҳ, идома дорад, моҳи декабри соли гузашта бо ташаббус ва иштироки бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта буд.
Вусъати баланди корҳо баҳри барқарорсозии боғу токзори кӯҳна ва бунёди боғҳои нав, ки натиҷаи дастгирию ҳамовозии васеъ пайдо намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаю барномаҳои давлатии дар ин самт қабулшуда аст, ба болоравии ҳавасмандии мардум дар ривоҷ додани ниҳолпарварӣ мусоидат намуд.
Имрӯз парвариши ниҳолҳо ва ба фурӯш баровардани онҳо ба як навъ шуғли сердаромад барои деҳқонону боғпарварони кордон табдил ёфтааст, зеро дар бозорҳои сершумори ниҳолфурӯшӣ нархи ҳар як ниҳол аз 2-3 то 50-60 сомониро ташкил медиҳад.
Бозори ниҳолҳои мевадиҳанда, дарахтони сӯзанбарги ҳамешасабз ва гулу гулбуттаҳо, ки барои бунёди боғҳо, ороиш додани кӯчаю хиёбонҳо, назди ҳавлию осоишгоҳҳо, дигар мавзеъҳо
ва ҳамчунин баҳри поку пуртароват намудани ҳаво харидорӣ мешаванд, ҳамарӯза гарму серодам аст. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.