Душанбе. 26-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар гузориши ҳамасолаи Департаменти давлатии ИМА оид ба риояи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои дунё барои соли 2008, ки чанде қабл интишор гардид, Тоҷикистон чун давлати худкома арзёбӣ мегардад.
Дар гузориш зикр мегардад, ки дар Тоҷикистон то ҳанӯз мушкилоти реша давондани коррупсия дар мақомоти давлатӣ, истифодаи иҷбории меҳнати кӯдакон, шароити тоқатфарсо дар муассисаҳои ислоҳотӣ ва фишор овардан ба созмонҳои ғайриҳукуматӣ ҷой дорад. Якчанд саҳфаи гузориш ба интиқоди ҳукуматдорони Тоҷикистон бахшида шудааст.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта низ ба Тоҷикистон чунин норасоиҳо нисбат дода шуда, он чун давлати худкома арзёбӣ гардида буд.
Муаллифони гузориш қайд мекунанд, ки ҳуқуқи инсон бештар дар кишварҳое поймол мегардад, ки ҳокимият дар дасти як нафар ё гурӯҳе қарор дорад ва ё дар кишварҳое, ки он ҷо ҳукумат зуд-зуд ба истеъфо мераваду ё табаддулот рух медиҳад.
Гузориши мазкур 90 кишвари дунёро фаро гирифта, давлатҳое чун Русия, Чин, Куриёи Шимолӣ, Куба, Эрон, Ироқ, Покистон, Судон ва Ӯзбекистон мавриди интиқоди бештар қарор гирифтаанд.
Дар мавриди Русия дар гузориш омадааст, ки риояи ҳуқуқи инсон дар ин кишвар таҳти фишори сахт қарор дорад ва муаллифони гузориш мегӯянд, мақомоти амнияти Русия дар Чеченистону, Ингушетия ва Доғистон даст ба куштор ва рабудани рақибони сиёсӣ мезананд.
Зимни шарҳи вазъ дар Эрон муаллифони гузориш қайд мекунанд, ки он ҷо поймолкунии ҳуқуқи инсон идома дорад ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Эрон аксаран боздоштшудагонро мавриди шиканҷа қарор медиҳанд.