Душанбе. 27-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Яман – Эмомалӣ Раҳмон ва Алӣ Абдулло Солеҳ нишасти муштараки матбуотӣ баргузор гашт. Дар он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт: «Дар мулоқот ва музокироти муфассалу муфид, ки дар ҷараёни сафари нахустини расмии Президенти Ҷумҳурии Яман Ҷаноби Олӣ Алӣ Абдулло Солеҳ ба Тоҷикистон дойир гардиданд, самтҳо ва арсаҳои асосии ҳамкории дуҷонибаро бори дигар – баъд аз сафари порсолаи расмии ман ба Яман – мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор дода шуданд.
Мо зарурати ба сатҳи шоиста баровардани ҳамкории гуногунсоҳаи мутақобилан судманди байни ду кишварро таъкид намудем. Дар шароити рушди босуръати иқтисодии Тоҷикистон ва, бахусус фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва татбиқи барномаҳои зиёди судманди иқтисодӣ, ин ҳамкорӣ метавонад густариш ёбад ва омили рушди муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишвари дӯст гардад.
Дар чаҳорчӯбаи ин сафар мо эҷоди заминаҳои қарордодиву ҳуқуқии густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориро идома дода, санадҳои муҳими дуҷонибаро, аз ҷумла оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ба имзо расонидем.
Мо ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии ду кишварро арзишманд медонем ва қаноатмандем, ки дар ин иртибот тавофуқоти муҳим ба даст омадаанд.
Дар ҷараёни мулоқоту музокирот роҷеъ ба масоили муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ низ табодули афкору назариёти муфид сурат гирифт.
Қобили зикри хос аст, ки тамоми мулоқоту музокирот дар фазои созандагӣ, ҳусни ният ва эҳтироми мутақобил сурат гирифтанд.
Мо аз натиҷаҳои сафари Ҷаноби Олӣ ба кишварамон қаноатмандем ва мутмаинем, ки татбиқи паймонҳои ҳосилшуда оғози накӯи марҳилаи нави муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Яман мегардад». Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.