Душанбе. 26-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Яман Алӣ Абдулло Солеҳ шоми дирӯз бо сафари нахустини расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Тавре роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар нимаи аввали имрӯз мулоқоти як ба яки сарони кишварҳо баргузор шуда, сипас гуфтушуниди ҳайатҳои васеи ҷонибҳо доир мегардад. Пас аз мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Яман Эмомалӣ Раҳмон ва Алӣ Абдулло Солеҳ ва ҳайатҳои васеи ҷонибҳо имзои як силсила асноди ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун дар назар аст.
Тибқи барномаи сафар, худи ҳамин рӯз президенти Яман аз нерӯгоҳи Норак боздид намуда, рӯзи шанбе бо раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов дидору гуфтушунид хоҳад кард. Шоми рӯзи шанбе Алӣ Абдулло Солеҳ озими ватан хоҳад гашт.
Ёдрас мекунем, ки президенти Тоҷикистон аз 29-уми ноябр то 1-уми декабри соли гузашта ба Яман сафари расмӣ анҷом дода буд. Маҳз дар ҳамон сафар ӯ президенти Яманро даъват карда буд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварад.
Дар ҷараёни дидори Эмомалӣ Раҳмон аз Яман дар мавриди ифтитоҳи Консулгарии ифтихории Тоҷикистон дар шаҳри Санъо тавофуқ ҳосил шуда, ҳамчунин, миёни Тоҷикистону Яман дар заминаҳои иқтисоду тиҷорат, илм, фарҳанг ва омӯзишу парвариш чаҳор санади ҳамкорӣ ба имзо расид.