Кӯлоб. 3-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи фармони вазири умури дохилии ҷумҳурӣ полковники милиса Рустам Темуров сардори шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Ховалинг таъин карда шуд.
Тавре аз сохтори минтақавии Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, муддати ду сол ба ин мансаб номзади арзанда ҷустуҷӯ мекарданд.
Ба иттилои манбаъ, Рустам Темуров қаблан ба ҳайси сардори шӯъбаи таъмини амнияти дохилии Вазорати умури дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб ва сипас муовини сардори шӯъбаи умури дохилии шаҳри Кӯлоб оид ба кор бо ҳайати шахсӣ ифои вазифа менамуд.