Душанбе. 4-уми март – Имрӯз сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо мушовири Бонки таҷдид ва рушди Аврупо оид ба кишварҳои ИДМ Ҷоомарт Оторбаев ва роҳбари намояндагии БТРА дар Тоҷикистон Мэте Ле Блан мулоқот кард.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои вусъат додани сармоягузорӣ ба лоиҳаҳо ва мусоидати БТРА дар рафъи бӯҳронии молии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон муҳокима шуданд.
Намояндаи БТРА иттилоъ дод, ки Шӯрои директорони Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ҷудо намудани 50 миллион евро ҷиҳати дастгирии соҳаи бонк ва рушди кишоварзӣ барои Тоҷикистонро тасдиқ намуданд.
Оқил Оқилов таъкид намуд, ки минбаъд ҳавасмандии БТРА ба лоиҳаҳои энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ равона карда шаванд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.