Душанбе. 5-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаи нави Қонуни ҶТ «Дар бораи додани хун ва ҷузъиёти он»-ро маъқул шуморид.
Зимни шарҳу тафсири қонуни мазкур намояндаи мардумӣ Ҷумъабой Сангинов изҳор дошт, ки қонуни қаблӣ ҳанӯз соли 1993 қабул гардида, ба воқеияти муосир ҷавобгӯ нест.
Намояндаи мардумӣ Юсуфҷон Аҳмедов қайд кард, ки дар қонуни қаблӣ моддае мавҷуд буд, ки тибқи он ба хориҷи кишвар баровардан ва фурӯши хун ва ҷузъиёти он манъ гардида буд, вале ба лоиҳаи нави қонун ин модда ворид нагаштааст.
Ҷумъабой Сангинов зикр намуд, ки дар давоми мавҷудияти қонун аз соли 1993 ягон ҳодисаи ба хориҷи кишвар баровардани хуни имдодӣ (донорӣ) ва ҷузъиёти он ба қайд гирифта нашуда, моддаи мазкур чандон муҳим нест.
Дар навбати худ Ю.Аҳмедов гуфт, акнун касони зиёде аз набудани ин модда дар қонун истифода бурда, метавонанд хуни имдодӣ ва ҷузъиёти онро ба хориҷи кишвар бароранд. «Ман пешниҳод месозам, ки хуни донорӣ ва ҷузъиёти он сарвати миллӣ эълон гардида, ба хориҷи кишвар баровардани он мамнӯъ эълон карда шавад», – гуфт вай.
Пешниҳоди мазкур аз ҷониби аксари намояндагони мардумӣ дастгирӣ ёфт.