Душанбе. 7-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ният доранд рӯзҳои наздик ба президенти кишвар ва парлумони ҷумҳурӣ оид ба ворид сохтани тағйироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии ҶТ» пешниҳод ироа созанд.
Бо назардошти натиҷаҳои фаъолияти серӯзаи гурӯҳи кории 14 созмони ҷамъиятӣ раиси Ассотсиатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Мамадазимов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки аллакай матни пешниҳод оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо омода гардида, он баҳри таъмини рушди минбаъдаи демократикунонии ҷомеа, мутобиқати қонунгузории кишвар ба меъёрҳои байнулмилалӣ, таъмини шаффофияти интихобот, эътимоди мардум ба он ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар сатҳи байнулмилалӣ равона гардидааст.
А.Мамадазимов мегӯяд, пешниҳодот иборатанд аз – дахолат накардани намояндагони мақомоти иҷроияи давлатӣ ба раванди баргузории интихобот, роҳ надодан ба узвияти онҳо ба комиссияҳои интихоботӣ ва иштирокашон дар ҳисобкунии овозҳо, афзудани шумори наояндагони мардумӣ аз 63 то 100 нафар ва ғайра иборат аст. Сиёсатшинос зикр кард, ки феълан намояндагони мақомоти иҷроияи давлатӣ ба таври истисноӣ узви комиссияҳои интихоботӣ мебошанд, ки чунин вазъ ба таъмини шаффофият ва дурустии баргузории маъракаи интихоботӣ таъсири манфӣ мегузорад.
Дар мавриди номутобиқатии ҳавзаҳои интихоботӣ коршинос гуфт, барои намуна шаҳри Норак ва ноҳияи Данғара ба як ҳавзаи интихоботӣ дохил мешаванд, вале номзад аз Норак бо вуҷуди арзанда буданаш, ғолиб нахоҳад омад, зеро аҳолии ноҳияи Данғара аз Норак бамаротиб бештар аст.
Ҳамчунин А.Мамадазимов фаъолияти намояндагони созмонҳои байнулмилалиро дар ҷараёни интихобот нокофӣ арзёбӣ намуда, таъкид сохт, ки ҷумҳурӣ ба таъсиси воҳиди мустақили нозирон аз ҳисоби намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ниёз дорад. «Интихобот нишондиҳандаи аслии рушди демократия дар ҷомеа аст ва мо чунин мешуморем, ки пешниҳодоту тавсияҳои мо саривақтианд», – гуфт дар анҷом сиёсатшинос.