Душанбе. 13-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҶТ имрӯз ҷаласаи дуввуми комиссияи байнипарлумонӣ оид ба ҳамкорӣ миёни Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федеролии Русия ва палатаи болоии парлумони Тоҷикистон баргузор мешавад.
Тавре ёвари раиси ММ МО ҶТ Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҷаласа таҳти раёсати раиси Кумитаи ММ МО ҶТ оид ба илм, маориф ва робитаҳои ҷамъиятӣ, президенти Академияи улуми ҷумҳурӣ Мамадшо Илолов ва муовини аввали раиси комисссияи Шӯрои Федератсияи Русия оид ба регламент Олег Пантелеев доир мегардад.
«Дар ҷаласа масоили мухталифи роҳандозии ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомоти қонунгузори кишварҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд», – афзуд манбаъ.