Душанбе. 19-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз президенти Тоҷикистон зимни сафар ба ноҳияи Ваҳдат дар маросими оғози сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон, ки масофааш
46 километр
буда, қисмате аз роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа мебошад, иштирок намуд.
Тавре аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд, барои амалисозии лоиҳаи мазкур ҳудуди 140 млн. доллари ИМА зарур аст. Алҳол маблағгузории сохтмони қитъаи роҳро КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» таъмин сохта, минбаъд ҷалби сармоягузорони хориҷӣ аз эҳтимол дур нест.
Ғайр аз ин, субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Маркази барқарорсозии саломатии кӯдакон дар шаҳраки Шифои ноҳияи Ваҳдат ширкат варзид.
Ба гуфтаи иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва банақшагирии оилаи вазорати тандурустии ҶТ Шералӣ Раҳматуллоев, барои корҳои таъмиру таҷдид ва муҷаҳҳазсозии маркази барқарорсозӣ 3,5 млн. сомонӣ маблағ хароҷот карда шудааст, ки 2,2 млн. сомонии он аз ҷониби Вазорати тандурустии ҶТ ҷудо гардидааст. Дар ин кор ҳамчунин Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва Бунёди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) низ саҳм гирифтанд.
Ш.Раҳматуллоев таъкид сохт, ки марказ бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, дар он барои муолиҷаи пурсамари кӯдакони бемор ҳама шароитҳо фароҳам сохта шудаанд.